АНДЕША. Ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро буҳрони иқтисодию сиёсӣ фаро гирифт. Ва ин буҳрон ҷанги шаҳрвандӣ ном дошт, ки моро ба мушкилоти бисёре рӯ ба рӯ кард. Хушбахтона, Худованди муттаъол ба миллати мо раҳм карда, мардеро бо номи Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсӣ ворид сохт. Ва ин марди хирадманд тавонист, ки бо ақлу заковати хеш абри тираро аз фазои Тоҷикистон пароканда созаду миллатро аз вартаи ноумедӣ раҳо кард.
Таърих худ гувоҳ аст, ки танҳо роҳбари оқилу доно метавонад давлату миллатро аз нобудӣ ба гул-гулшукуфӣ оварда расонад. Бешак Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Зеро бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сурати кайҳонӣ рушду нуму карда истодааст. Сохта ба истифода додани майдончаҳои варзишӣ, қомат афрохтани биноҳои баландошёнаву муосир, инчунин таъсис ёфтани боғу гулгаштҳои рангорангу назаррабо. Ин ҳама далелҳоеанд, ки суханҳои болозикрро боз ҳам тақвият мебахшанд. Ҳар як шахси оқилу дурандеше, ки чашми бино ва дили поку беолоиш дорад, дарк менамояд, ки номзади арзанда ба мақоми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Дар айни замон номзади арзандатарин ба мақоми раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст ва шукуфоии минбаъдаи кишвари азиз низ танҳо зери роҳбарии ин абармард ба даст меояд.
ТОҶИКИСТОН БО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ПЕШ!
Муродов Ҷамшед, волонтёри назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор