БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ - ИФОДАИ ОЛИИ ҲОКИМИЯТИ ХАЛҚ

АНДЕША. Рушди демократия ҳамчун раванди бемайлон тақозо менамояд, ки муносибатҳои сиёсию иҷтимоӣ дар заминаи эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд шакл гирифта, халқ ҳамчун сарчашма ва манбаи асосии ҳокимият эътироф шавад. Дар ин масир интихобот нақши калидӣ дошта, ҳамчун раванди сиёсӣ ифодакунандаи иродаи давлат баҳри ҷалби васеи мардум дар идоракунӣ мебошад.

Дар назар бояд гирифт, ки интихобот ҳамчун институти сиёсӣ дар ҷомеа қудратӣ таъмини ҳамгироии иҷтимоиро дошта, муташаккилона роҳандозӣ намудани он баҳри рушди демократия ва фарҳанги сиёсӣ заминаи воқеӣ мебошад. Интихобот аз ибтидо бо арзишҳои демократӣ пайвастагии ногусастанӣ дошта,  вазифаи иҷтимоии он - инъикоси комили афкор ва иродаи мардум, таъмини намояндагии гурӯҳҳои ҷамъиятӣ дар ҳокимияти давлатӣ ва ташаккули фаъолияти самараноки ин намояндагӣ мебошад.

Кишвари мо аз солҳои нахустини ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ баҳри ташаккули низоми мутамаддини интихоботӣ кӯшиш намуда, тавонистааст баҳри самаранок татбиқ намудани ҳуқуқи интихоботӣ ва боло бурдани сатҳи фарҳанги сиёсии ҷомеа ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад.

Дар асоси Конститутсия ва дигар асноди меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф, риоя ва ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, рушду такомули ниҳодҳои демократии ифодаи мардум, расмиёти татбиқи онҳо мутобиқи принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии аз ҷониби умум эътирофшуда, ҳадафу вазифаи давлати ҳуқуқбунёд ва яке аз заруртарин омилҳои суботи ҷомеа ва таҳкими қонуният мебошад.

Таъсири интихобот ба ҳаёти ҷамъият гуногунҷабҳа буда, мафҳумҳои тарз ва роҳу усул, пайвастагӣ ва ба инобат гирифтани манфиатҳои аҳолӣ дар илми муосир ҳамчун функсияҳои интихобот  шинохта  шудаанд.

Бораи тақвияти минбаъдаи пояҳои Истиқлолияти давлатӣ аз роҳи интихоботи шаффофу демократӣ дар кишвар меравад, гурӯҳҳои таблиғотии ҳизб бояд бо боварии комил ва маълумоти саҳеҳ дар бораи нақши аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ин самт сухан ронанд. Пеш аз ҳама бояд қайд намоем, ки воқеан, ҲХДТ худ ҳизби зодаи даврони Истиқлолият мебошад. Таъсис ёфтани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба марҳилае рост омад, ки миллати ҷафокашидаи тоҷик дар гирдоби нобасомониҳо ва фитнаву иғвои ҳангомаҷӯёну бадхоҳони миллат қарор дошт. Истиқлолият дар хатар ва ҷомеа дар ҳолати парокандагӣ қарор дошт. Маҳз дар чунин марҳилае, ки ҷомеа ба буҳрони амиқи идеологӣ дучор гардида буд, ташкили нерӯи сиёсие барои ислоҳи чунин вазъ лозим омад. Ин нерӯи сиёсӣ бо номи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба майдони сиёсат омад ва тавонист буҳронҳои идеологӣ ва сиёсиро аз байн бурда, ҷомеаро дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ раҳнамо гардад. Яъне,  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси ғояҳои созанда ва зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нерӯи солими сиёсӣ табдил ёфта, ҷомеаро муттаҳид кард ва ба ояндаи дурахшон умед бахшид.

ҲХДТ ба халқ такя кард ва бо роҳандозии барномаҳои мукаммал тавонист нерӯи тавонои халқро ба самти ободии Ватан сафарбар намояд. Дуруст аст, ки аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ ҲХДТ тарғиби ғояҳои сулҳу ваҳдати миллӣ ва таъмини суботу оромиро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ медонад. Зеро барои халқи Тоҷикистон дар он рӯзҳои вазнин аз ин арзишҳо дида чизе муҳимтар набуд ва имрӯз низ бо назардошти фазои мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияти худро гум накардаанд. Ҳатто пойдории минбаъдаи Истиқлолияти давлатӣ, мавҷудияти миллат ва якпорчагии кишвар низ аз ин арзишҳо вобастагии амиқ доштанду доранд. Ҳизби мо ин арзишҳоро то имрӯз тарғиб карда истодааст. Зеро масъалаи ваҳдати миллӣ ва суботу оромӣ дар ҳар давру замон аз масъалаҳои умда ва омили таҳкими Истиқлолияти давлатӣ боқӣ мемонанд, бахусус дар шароити имрӯзаи басо мураккаби геополитикӣ.

Қумриниссо Гулмуродзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg