КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар остонаи баргузории интихоботи Президентӣ дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вобаста ба пешбурди корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ҷиҳати омодагии ҳаматарафа ба интихоботи Президентӣ нишасти омӯзишӣ бо иштироки нозирони миллӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихобгардида доир гардид.
Зимни мулоқот муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, баён дошт, ки дар давраи ташвиқотию тарғиботи Барномаи пешазинтихоботии номзад аз Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон ба мансаби Президентӣ нозирон бояд фаъол бошанд ва дар шаффофу демократӣ гузаронидани интихоботи Президентӣ саҳми худро гузоранд.
Ҳамчунин, ба нозирон дастур дода шуд, ки дар рӯзи интихобот бо назардошти риояи талабот барои роҳнамоии интихобкунандагон хизмати софдилона анҷом дода, фарҳанги муносибату муоширатро бо нозирони дигар ҳизбҳои сиёсӣ, нозирони байналмилалӣ ва интихобкунандагон риоя намоянд.