БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИШТИРОК ДАР ИНТИХОБОТ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДИИ МАН АСТ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси нақша -чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилоти ибтидоии  “Обшорон”    вобаста ба ташвиқу тарғиби  Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  хониши сиёсӣ  доир карда шуд.

Дар ин  вохӯрӣ узви гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Нозимова Фариштамо мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди МИҲД-и шаҳри Кӯлоб ва Мунавараи Бозоралӣ мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст,   намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  ба сухан баромада, оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2013-2020 гуфта шуда, нақшаҳои ҲХДТ дар рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар даҳ соли оянда ба ҳозирин шарҳ дода шуд.

Иштирокдорон дар навбати хеш баён доштанд, ки номзадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg