БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУЛОҚОТ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси  ҷадвали баргузории суҳабту вохӯриҳо бо интихобкунандагон, дар деҳаҳои Ёхсучиён ва Камари Ҷамоати деҳоти Даҳана мулоқот доир карда шуд.

Зимни мулоқот узви гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Насим Саидов ва роҳбари ташкилоти ибтидоии “Ёхсучиён”  иштирок ва баромад намуданд.

Зимни суҳбат Насим Саидов қайд дошт, ки интихоботи ошкоро, шаффоф, озод, дар ҳошияи принсипҳои ҳуқуқи интихоботӣ ва дар муҳлатҳои муайянкардаи қонун баргузор намудани он, василаи асосии амалигардонии соҳибихтиёрии халқ ва иродаи шаҳрвандон дар давлат ва ҷомеа мебошад.

Иштирокдорон дар навбати хеш баён доштанд, ки номзадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg