БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ДАР ТАҚДИРИ ХАЛҚИ ТОҶИК НАҚШИ МУҲИМ ДОРАД

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар муассисаву ташкилотҳо ва маҳаллаҳо бо сокинон доир ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  санаи 11 октябри соли 2020 баргузор мегардад, вохӯриҳо доир гардида истодаанд.

Чунин вохӯрии судманд дар деҳаи Чорбоғ 1-и  Ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзови ноҳияи Қубодиён дар участкаи интихоботии №16   доир карда шуд.

Дар вохӯрӣ раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб доир ба моҳияти Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ барои солҳои 2021-2027, барномаю нақшаи корӣ дар давраи омодагӣ ба интихоботи оянда суҳбат намуда, қайд кард, ки Барномаи нави ҲХДТ аз 8 бахши фарогир ва 26 зербахшҳо таркиб ёфта, ҳалли муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҷомеаро дар марҳилаи нави рушд ба назар гирифта шудааст. Инчунин,  мавсуф  иброз дошт, ки соли 2020 ҳамчун “Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ” шинохта шуда, барои ҳар як ташкилот ва ҳар як узви ҳизб бояд давраи иқдомҳои созанда ҷиҳати иҷрои бандҳои барномаи амали ҳизб гардад.

Ҳамчунин, Шарифзода Маҳмадаюб дар идомаи суҳбат қайд намуд, ки ҲХДТ худ шарики фаъоли дигаргунсозиҳои сохтори давлатӣ ва шакли идории ҷомеаи муосири Тоҷикистон буда, раванди маъракаҳои сиёсӣ собит месозанд, ки ҲХДТ яке аз ҳизби сернуфуз дар тамоми қаламрави кишвар маҳсуб мегардад ва бо ҷонибдории худ як қувваи бузургро ташкил дода, ба сифати ташкилоти сиёсии ҷамъиятӣ дар тақдири халқи Тоҷикистон нақши муҳим мебозад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg