БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН ИФТИХОР АЗ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ВАТАН ДОРАНД

АНДЕША. Ҳафт соли охири  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо ҷавонон хотирмон ва фаромӯшнашаванда мемонад. Зеро дар давоми  ин 7 сол он нуктаҳое, ки дар Барномаи пешазинтихоботии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати мо ҷавонон пешбинӣ шуда буд,  сад дарсад ба иҷро расонида шуд.

Дар давоми 7 сол дар мамлакат садҳо муассисаҳои нави таълимӣ, варзишӣ, фарҳангӣ сохта шуда, барои таълимгирӣ ва касбомӯзӣ, ба варзиш машғул шудан ва истироҳату фароғати мо ҷавонон шароитҳои боз ҳам хубтару беҳтар муҳайё карда шуд.

Дар ду - се соли охир дар ноҳияи Ховалинг ҳам даҳҳо муассисаҳои таълимӣ, варзишӣ ва фарҳангӣ сохта  шуд, ки имрӯз ҷавонони ноҳия аз онҳо самаранок истифода менамоянд.

Мо  ҷавонони ноҳияи Ховалинг аз дастовардҳои 7 соли замони Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ қаноатмандем.  Дилбар Мирзоева, сокини  ноҳияи Ховалинг   

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg