БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАТАН ОБОД БО ИН РОҲБАРИ ФАРЗОНА БОЯД КАРД

АНДЕША. Мувофиқи меъёрҳои Конститутсия халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад ва онро бевосита бо роҳи дар интихобот иштирок кардан амалӣ месозанд.

Интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқи буда, тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунанда ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳими давлат мебошад.

Мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон шоҳиди он будем, ки нооромию бесарусомониҳо ва гурӯҳҳои муқобил ҷудо шудани шаҳрвандон дар солҳои 1991- 92 аз интихоботи президенти сар шуд ва боиси сар шудани ҷанги шаҳрвандӣ гардид.

Имрӯзҳо бошад, мухолифини давлату Ҳукумати Тоҷикистон аз хориҷи кишвар дар бораи интихоботи  дарпешистодаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гапу хабарҳои воҳимаангезро паҳн карда истодаанд.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ин мардуми солҳои 1991- 92 нестанд, ки ба гапу хабарҳои дурӯғи онҳо бовар кунанд. Мухолифин мехоҳанд фикру ақидаи худро ба интихобкунандагон бо роҳҳои гуногун таҳмил намоянд.

Ҳеҷ як ҳизбу созмон ё шахси мансабдор ҳақ надорад, ки ҳуқуқи конститутсионӣ шаҳрвандонро вайрон карда, фикру ақидаи худро ба интихобкунандагон зӯран ё бо роҳи дигар бор намояд.

Мувофиқи талаботи қонунҳои амалкунанда ҳизбҳои сиёсӣ, ки масъул ва субъекти асосии пешбарӣ намудани номзадҳо ба Президентӣ мебошанд вазифадоранд, ки фаъолияти худро дар чорчӯбаи Конститутсия ва қонунҳо амалӣ намоянд.

3 сентябри соли равон дар маҷмааи давлатии “ Кохи Борбад”-и шаҳри Душанбе Анҷумани 14- уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона пешбарӣ намуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургтарин чеҳраи сиёсии ҷаҳон эътироф шудааст. Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон роҳнамои ҳақиқии халқу миллати тоҷик буда, ояндаи халқи тоҷикро нуру сафо бахшиданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши таърихии худро дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти Тоҷикистони азиз гузошта, барои наслҳои оянда ҷонфидоёна ва сарбаландона рисолати худро иҷро кардааст. Мо кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ номзадии Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро чун парчамбардори сулолаи Сомониён, ҳамчун инсони хирадсолор, ватандӯсту ватанпарвар, созандаю бунёдкор ва амаликунандаи ормонҳои миллӣ ҷонибдорӣ менамоем.

Мо аминем, ки зери роҳбарии хирадмандона ва дурандешонаи Президенти мамлакат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  кишвари азизи мо гул-гул мешукуфад ва ободу зебо мегардад, сатҳу сифати зиндагии халқамон беҳтару хубтар шуда, Тоҷикистон ба яке аз гӯшаҳои зебои ҷаҳон табдил меёбад.

Чи хеле, ки шоир фармудааст:

Ватан обод ба ин роҳбари фарзона бояд кард.

Сайдалиев Гадоӣ, мудири шуъбаи таблиғот, иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ                               

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg