БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОИЛА - МАКОНИ МЕҲРУ МУҲАББАТ

БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади солимии миллат ва давлат ва  эъмин нигаҳ доштани сокинон аз сироятёбӣ ба бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории короновирус, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро зери хатарҳои манфии худ қарор додааст, аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи кории назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон пайваста миёни аҳолӣ суҳбату вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ карда мешавад.  

Вохӯрии навбатӣ дар деҳаи Қуҷабулоқи  Ҷамоати деҳоти Балҷувон  миёни сокинон сурат гирифт.

Дар суҳбату вохӯриҳо намояндагони ҳизбӣ  қайд карданд, ки барои муҳофизати худ ва атрофиён пайваста эҳтиёткор буда, гигиенаи шахсӣ ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ фосилаи байниҳамдигариро риоя намоянд.Чунки, дар ҳадисе омаадааст, ки «Эҳтиёткоронро  Худованд низ дӯст медорад ва ҳамеша аз тамоми офатҳои заминию осмонӣ дар  паноҳи исмати худ нигаҳ медорад». Чи тавре, ки ба ҳамагон маълум аст,  мо миллати тоҷикро дар ҷаҳон бо тамаддуну фарҳангӣ воло мешиносанд ва эҳтиром менамоянд. Пас мо дар якҷоягӣ кӯшиш намоем, ки   бо фарҳангӣ волои инсонии хеш ғолибгарӣ тамоми  пирӯзиҳову нокомиҳои рӯзгор бошем, дар ҳама шароити зиндагӣ эҳтиёткорию сарфаҷӯй, сабурию таҳаммулпазирӣ ва  бо азму иродаи қавӣ меҳнат карда, барои хеш зиндагии шоистаро муҳайё  созем ва дар  зиндагӣ хушбин бошем.

Ҳамчунин, дар идомаи суҳбат масъулин афзуданд, ки оила  макони меҳру муҳаббат буда, бо ана ҳамин меҳру муҳаббати бепоёни хеш мо бояд  фарзандонро дар рӯҳияи зебоипарастӣ,  дӯст доштани Ватан, ахлоқи ҳамида тарбия намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg