БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЗМАТИ ВАТАН-МОДАР МУҲИМТАРИН РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДОН БА ШУМОР МЕРАВАД

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо мақсади мустаҳкам намудани робитаи ҷавонон бо ҲХДТ ва тайёр намудани ихтиёриён ба хизмати ҳарбӣ ҳамчун мактаби бузурги ҷасорату мардонагӣ   дар Ҷамоати деҳоти Ҳалевард вохӯрӣ гузарониданд.

Асоев Хизридин корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иброз дошт,ки мақсад аз даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳимояи марзу буми Ватан ва баланд бардоштани донишу малакаи низомии ҷавонон мебошад. Таърих гувоҳ аст, ки ҳазорсолаҳо муқаддам фарзандони некноми Ватан, амсоли Рустами Дастон, Темурмалик, Муқаннаъ, Восеъ баҳри ҳимояи Ватан аз қадами нопоки душманон ҷонбозиҳо карда, ному шуҳрати хешро дар сафҳаи таърих бо хатҳои зарҳалин сабт намудаанд.Аз ин хотир ҷавононро лозим аст, ки аз хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ худро дар канор нагиранд ва ба қадри тинҷию оромии кишвар ва пешрафти вазъи иқтисодии мамлакат расида, Ватани азизамонро дӯст доранд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ оид ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, бахусус риоя кардани масофаи байниҳамдигарӣ, тез-тез шустани дастон, пӯшидани ниқоби тиббӣ ба сокинон тавсия дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg