БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАСТОВАРДҲОИ 7 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ФАРАҲБАХШАНД

АНДЕША. Дастовардҳои 7 соли замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле назаррас ва фараҳбахш  мебошад.  Барномаи пешазинтихоботии Президенти мамлакат муҳтарам Эомалӣ Раҳмон дар ин давра сад дарсад ба иҷро расонида шуда,  дар  иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат - истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат, таъмини амнияи озуқавории мардум, ҳадафи нав, ҳадафи чоруми давлат -  саноатикунонии босуръати кишвар қадамҳои устувор ба пеш гузошта шуд.

Ба кор даровардани ду агрегати Нерӯгоҳи Барқӣ  оби Роғун,  роҳу кӯпрук, биноҳои муассисаҳои таълимӣ, табобатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, корхонаҳои истесолӣ ва дигару дигарҳо номгӯи кӯтоҳи дастовардҳои ин давраанд.

Боиси қаноатмандист, ки чунин пешравӣ ва ободкориҳоро  дар ноҳияи Ховалинг ҳам   дидан мумкин аст. Ховалинг дар давоми 7 соли охир симои худро ба куллӣ дигар намуда, маркази он ба як шаҳраки зебою диданӣ табдил ёфт. Дастоварди аз ҳама муҳим барои мардуми диёр сохтмону ба истифода додани роҳи  Восеъ - Ховалинг, Балҷувон - Ховалинг ва Ховалинг - Мӯъминобод мебошад ва ин боиси сарфарозии мо шаҳрвандон аст.  

Паригул Тӯраева,  собиқадори ҲХДТ  аз ноҳияи Ховалинг

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg