БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОБИ ДАНДОНШИКАН БА КАБИРӢ

ВОКУНИШ. ТЭТ ҲНИ ҳамчун ҳизби ифротӣ ақидаҳои иртиҷоии хешро зери ниқоби дину мазҳаб рӯйпуш намуда, даст ба амалҳои номатлуб задааст. Қатлу куштор рисолати аслии ҳизби мазкур ба ҳисоб рафта, аз ташкилёбиаш то кунун ин рисолатро иҷро мекунад. Агар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бевосита худ дар даст яроқ бар муқобили давлату миллат мубориза бурда бошанд, лек айни ҳол ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ мехоҳанд тафаккури ҷомеаи моро мисли худ ифротӣ созанд. Баҳри ин амал чандин бор Кабирӣ мурдаву зинда шудааст.

Барҳақ Лоиқи зиндаёду ширинсухан чунин гуфтааст:

Мард он, ки сарафроз сари дор бимирад,

Як бор таваллуд шуда, як бор бимирад.

Шояд ин шоири миллатдӯсту ватанпарвар ин мисраҳоро барои Кабирии худ сағираҳои бадфикру бадном, ки бисёр таваллуд шудаву ба хотири манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ андешаҳояшро зиёд тағйир додааст, эҷод намуда бошад.

Мақолаи иншонамудаи сархатиби вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода бо номи “Буқаламун” мисраҳои шеърии Лоиқро бозгӯву тақвият мебахшад. Агар буқаламун ё худ ҳирбо навъе аз ҳайвоноти сусмормонанди кишварҳои гарм буда, ранги пӯсти худро вобаста ба муҳит дигар намояд, роҳбари Ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ натанҳо мавсимӣ, балки ҳар лаҳзаву ҳар соат гурӯҳе ё шахсе ваъдаи маблағе намояд натанҳо пӯст, балки виҷдону имон ва андешаашро тағйир медиҳад.

Замоне дар долонҳои парлумон Кабирӣ ба хотири чалби мардум ва зиёд намудани сафи Ҳизби ба ном исломӣ, вале зиддиисломиаш аз ватандӯстиву ободонӣ ва хизмат ба мардум ҳарф мезад, то худро ба халқ мисли мӯсичаи бегуноҳ ва “дӯстдори Ватан” нишон диҳад. Аммо ниятҳои нопок, супоришҳои ғаразину манфури хоҷагони хориҷиаш рангу раҳмат ва виҷдони ӯро тағйир дода, буқаламунро ба ёд меовард. Дар замони вакили парлумон будан ин марди бадбину бадхох, ки шукуфоии давлату миллатро аз ҳамон замон намехост. Хушбахтона, бори каҷ ҳеҷ гоҳ ба манзил нарасидаву ғояву андешаҳои носолими ТЭТ ҲНИ ва Кабирӣ низ ҷомаи амал напӯшиданд ва то ҳол ин ҷома дарида боқӣ монд.

Тағйири виҷдону имон то ба кай Кабирии чашми некбин надошта? Шояд донӣ, ки хоки Ватан аз таҳти Сулаймон беҳтар.....! вале, ҳайфо ба ин хоки муқаддас, ки аҷдодонат хобидааст, заҳр мечошиву мепошӣ ва мисли “буқаламун” назди шайху ҳимоятгаронат рангу имону виҷдон иваз месозӣ!!!

Зарипова Низорамоҳ, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg