БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғибу ташвиқи мубориза бар зидди падидаҳои номатлуби ҷомеа дар маҳал

ПАНҶ. Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми мавзӯъҳои муҳими ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии мардуми кишварро дар бар гирифта, дастуру супоришҳои дар он зикргардида роҳи ҷомеаро барои расидан ба ҳадафҳои минбаъдаи ватансозӣ равшан намудааст.

Аз ин рӯ, вазифаи ҳизбиён аз он иборат аст, ки шарҳу тавзеҳ ва татбиқи  онро дар миёни аҳолӣ ба таври фарогир ба роҳ монда, халқро ҳамчун нерӯи бузурги пешбарандаву ободкор барои анҷоми вазифаҳои муайяншуда сафарбар намоянд.

Аз ин рӯ, барои иҷрои ин вазифаҳои муҳими сиёсӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳия бо роҳбарии Файзиев Каримҷон раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ дар маҳаллаи Буркаи  ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов бо сокинон мулоқот баргузор намуданд.

Яке аз масъалаҳое, ки дар Паёми  навбатии Пешвоии миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди  таҳлил қарор гирифт,  мубориза зидди терроризм ва экстремизм мебошад. Дар баромадҳо оид ба терроризму экстремизм, инчунин сабабҳои ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ шомил шудани ҷавонони ноогоҳу аз хатарҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ муосир бехабар суханронӣ шуда, зикр карда шуд, ки ҷавонон бо сабаби аз тарафи волидайн беназорат мондан ва доштани мафкураи  пасти динӣ ба ингуна равияҳои номатлуби ҷомеа,  гурӯҳҳои террористӣ дода мешаванд.

Ҳамчунин, даъват ба амал оварда шуд, ки бар зидди зуҳуроти номатлуби хусусияти террористиву экстремистидошта ва падидаҳои иҷтимоии ба онҳо мусоидаткунанда, аз қабили  терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва  коррупсия мубориза баранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg