А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятию ноҳиявии ҲХДТ, фаъолон ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ноҳиявии ҳизбӣ Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбро доир намуд.
Дар ҷаласаи мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Ҳалимов Маҳмаддовуд баромад карда, сараввал дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ, ки дар Анҷумани 14-уми ҲХДТ ва дар Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба ҳама ҳизбиён дода шудаанд, ба саъми иштирокчиён расонид.
Ҳамзамон, дар Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳафт масъала оид ба таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ, Ситоди ноҳиявӣ, гурӯҳи тарғиботӣ, зергурӯҳҳои тарғиботӣ, омодагиҳо ба интихобот ва таблиғу ташвиқи номзад ва Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Саиди Ёқубзод низ баромад намуда, ба ҳозирин ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ҷиҳати иҷрои қарорҳои Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ ва дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳии пешазинтихоботӣ, муаррифии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.