БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАЪОЛ ГАРДОНИДАНИ ҶАВОНОН МУБОРИЗА БО ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРОРРИЗМ

ВОКУНИШ. Ҳамзамон мо ҷавонон аз фаъолияти ватанфурӯшони ташкилоти террористию экстремистӣ ва сарпарастонашон огоҳ мебошем. Яке аз сабабҳои ҷанги бародаркуши ба ҷаҳолат, хурофот ва таасуб дода шудани аъзову пайравон, фаъолони ташкилотҳои террористӣ- экстремистӣ ва ҳизби наҳзати ислом буд. Ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ, алалхусус ҲНИ барои ба мақсади нопоки худ расидан тамоми усули тундгароӣ ва тероризмро истифода бурда, фарзандони беҳтарини миллати тоҷикро ба қатл расониданд.

Авҷи хатари терроризм ва экстремизм ин ҳодисаҳои марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо дар солҳои 1992-1997 мебошад. Маҳз фитнаҳои Ташкилоти экстремистиву террористии ҲНИ ва фирефта шудани баъзе ҷавонон ба иғвоҳои онҳо боис гардид, ки ба ҳисоби расмӣ 160 000 сокинони кишвар ҳалок шуда, ҳазорҳо нафар кӯдакон ятим гаштаанд. 

Ифротгароӣ сабабгори бенизомию бетартибии ҷомеа бадандешӣ, кинаву адоват байни одамон гардида, барои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳанги монеаҳои зиёд эҷод менамояд. Гурӯҳҳои ифротӣ мехоҳанд тафаккури мазҳабии мардуми моро дигаргун созанд.

Мақсади асосии хоҷагони хориҷӣ дар он асос меёбад, ки инқилоби исломиро дар кишварҳои суннимазҳаб тадриҷан зина ба зина тарҳрезӣ намоянд ва густариш диҳанд.

Айни замон, ки парда аз рӯи аъмоли нопоки аъзою симои воқеии ТЭТ ҲНИ бардошта шуда, онҳо фаъолияти террористӣ ва экстримистиашонро рӯирост карда, аз ҷониби хоҷагони хориҷиашон ошкоро дастгирӣ ёфта истодаанд.

Чи тавре, ки огоҳӣ дорем вазъи ҷаҳони имрӯза мо ҷавононро водор месозад, ки бояд ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоти ақидаҳои ифротӣ нашавем.

Муминов Саидҷон, аъзои гурӯҳи волонтёрӣ аз ноҳияи А.Ҷомӣ

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg