ВОКУНИШ. Паймони бо ном миллӣ, бо зерсохторҳояш, ТЭТ ҲНИ, Гурӯҳи 24 ва гӯру балоҳои дигар, таҳти роҳбарии Муҳиддин Кабирии хоину мазҳабфурӯш, бо ин амалҳои террористиву экстремистӣ ва ифротгароёнаашон, истифода аз минбарҳои баланди СММ, САҲА, Исломи поки Муҳаммадро ҳамчун дини ҷангу оромиситез бадному доғдор ва тоҷикону мусалмононро дар ҷаҳон зишту манфур, бераҳму хунхӯр муаррифӣ намудаанд.
Афсӯсу надомат, ки ҳазорҳо ҷавонони гумроҳ куштаву волидонашон ғуррамарг гардида, садҳо нафар одамон бехонаву дар ба дару гурезаву муҳоҷиру овора гардиданд.
Аз пайи таъмини иҷрои дастуру супоришҳои хоҷаҳои хориҷиашон ва пайравӣ ба роҳбарону идеологҳои даҷҷолбашараи ДИИШ намудаанд, ки то кунун ягон нафарашон худро қурбон накардаанду намекунанд, оятҳоро таҳриф карда, фатвоҳои бепоя бароварда, ҷавонони гумроҳу чалласаводро бо роҳҳои гуногун, аз ҷумла гипнозу сеҳру манқурткунонию доруҳои эҳсосбарангезӣ (ҳайвонӣ) ва эҳсоскӯш (тарс) амсоли каптагон (амфетамин) ба доми фиреб кашиданд.
Бо дарназардошти маъракаи муҳими сиёсии дар пешистодаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадҳоро зиёд намуда, мехоҳанд,ки боз аз ҳисоби ҷавонон, тоҷикписарони зиёдеро, алалхусус ҳамватанони муҳоҷирамонро ба доми фиреб кашида, волидайни онҳоро назди хешу ақрабо, ҳамдеҳагон ва миёни ҷомеа беобрӯ гардониданианд.
Бо дарназардошти раванди босуръату зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва вазъи мураккаби сиёсӣ дар як қатор кишварҳои олам, дур нарафта вазъи имрӯзаи кишвари Белоруссия, масъулияти ҳар як фарди бедордилро дар роҳи устувории пояҳои Истиқлолият ва Ваҳдати комили мамлакат ҷиддитар менамояд. Мусаллам аст,ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо гурӯҳҳои ифротӣ ва даҳшатафкан бештар ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ бар зидди ҳар як давлат бархоста ба мағзшӯии ҷавонон даст мезананд.
Ин табақаи ватанфурӯш тамоми пешравию муваффақиятҳои солҳои соҳибистиқлолии кишварро нодида гирифта, бо буҳтону сафсатаҳои бемаънӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ баромад кардаву ҳамаи заҳматҳои кашидаи мардуми азияткашидаву меҳнатқарини тоҷикистонӣ таҳти сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,ки дар марҳилаи басо душвори таърихиву ҳодисаҳои маълуми сиёсии солҳои 90-уми асри гузашта ба даст омадааст, нодида гирифта, бо баромадҳои беасосу бепоя ва хусумату туҳматҳои зиёд, мехоҳанд вазъи Ватани азизамонро мураккаб ва печида созанд.
Ҳамаи он баромаду хабарҳое,ки таҳти роҳбарии ба ном Паймони миллӣ Муҳиддин Кабирӣ ҳамзамон роҳбари Ҳизби мамнуъи наҳзати ислом барои барангехтани кинаву адоват дар байни мардуми тамаддунофари тоҷик нисбати Тоҷикистон гузаронида мешаванд, ин ҳама як мардумфиребӣ ва аблаҳист. Агар дар сомонаҳои интернетӣ хабару гузоришҳо, аз ҷониби дастпарварони онҳо нашр мегардад, ин ҳама як мазмун доранду дар он хусумат ва манфиатҳои шахсӣ инъикос мешаванд.
Чизи дигар ин, ки онҳо бештар аз қувваи ҷавонон истифода мебаранд, то ба ҳадафи нопокашон расанд.
Ҳол он, ки ин насли ҷавон аз қуҷо замони ҷанги шаҳрвандӣ буданду аз таърихи пурраи он воқифанд. Намедонанд, ки ин даргирӣ бо дассисаҳои кӣ сар задааст. Балки аз дасти худи хоҷагони худашон.
Ҳатто ҳоло ҳам дар фикри низоъ ҳастанд. Маълум мегардад, ки бо дассисаҳои ҳамин хоҷагон, ки оромию сулҳу суботро намехоҳанд ҳамоишҳои зидди давлатӣ мегузаронанд.
Агар ин афрод истиқлолияту ваҳдатро мехостанд, чаро ҳамон замон барои пешгирии роҳи даргириҳо коре накарданд, вале ба истилоҳи халқ дона ба хас зада, оташро бод доданд ва он дар мамлакат паҳн гардида, ҷони садҳо ҷавонмардони кишвар аз даст рафт.
Воқеан ҳам ба ҳукми хоҷагонанду дар фикри нооромии кишвари худ.
Биёяд накҳати бадбахтӣ аз гулзори бегона,
Чӣ хушбахтам, агар дар пояи хори Ватан мирам.
Муҳаммаддовуд Ҳалимов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ