БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОМИЛИ БЕҲДОШТИ ЗИНДАГӢ ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНАИ ЗАМИН АСТ

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини  Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  ҷиҳати  ба  сокинон фаҳмонидани роҳҳои  пешгирии бемории  каронавирус,  самаранок  истифода  бурдани  заминҳои  наздиҳавлигию  кишоварзӣ   дар  деҳаи   Муъминободи  Ҷамоати  деҳоти  Истиқлол  бо  усули  «хона  ба хона»  вохӯриҳо баргузор  намуда,   сокинонро таъкид  карданд, ки қоидаҳои  беҳдоштиро дар  хонадонашон  риоя намоянд. Барои  огоҳ  шудан  ба онҳо  варақаҳои  тавсиявӣ ва муроҷиатномаи ҳизбиро тақсим намуданд.

Ҳамчунин, ба  сокинон  ҷиҳати истифодаи   дурусту  оқилонаи ҳар  як  ваҷаб заминҳои  наздиҳавлигӣ, кишт  ва   захираи дусолаи маҳсулоти  кишоварзӣ,  инчунин  бо аъзои  хоҷагиҳои  деҳқонӣ  ҷиҳати  бекор  намондани заминҳои  дар  ихтиёрашон бударо  вобаста   аз  дастуру  супоришҳои Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  вобаста ба вазъи   имрӯзаи  ҷаҳони  муосир  ва ташкили  кишти  такрории зироатҳои  кишоварзиро  ҳаматарафа фаҳмонида,  қайд  намуданд, ки  дурусту  оқилона истифодаи    замин кафили  беҳдоштӣ  зиндагӣ мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg