Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Имрӯзҳо таваҷчуҳи асосии аҳли ҷомеа ба пешгирӣ ва табобати бемории коронавирус равона шуда бошад ҳам, дар ҳамаи навоҳии кишвар марди деҳқон дар баробари андешидани тадбирҳои судманд оид ба пешгирии ин беморӣ, ба парваришу рӯёнидани зироатҳои гуногуни киштнамудааш, ҳамзамон бо ҷамъоварии сабзавоту меваҷот ва ғалладонагиҳо машғул буда, аз файзу баракати ҳосили ба даст овардааш рӯзгори худро таъмин менамояд.
Даъватҳои зарурӣ ва саривақтии Сарвари давлат оид ба самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб қитъаи замину рӯёнидани ду - се ҳосили зироат ва захираи 2 солаи озуқавориро аҳли заҳмати ноҳияи Носири Хусрав сармашқи фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор дода истодаанд.
Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо сокинони деҳаи 20- солагии Истиқлолияти Ҷамоати деҳоти Фирӯза бо усули «хона ба хона» корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, сокинонро вобаста ба масъалаҳои болозикр таъкид карданд.
Дар вохӯрӣ масъулин ба сокинон оид ба маъракаи муҳими сиёсии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ карда, онҳоро барои иштироки фаъолона дар рӯзи интихобот раҳнамоӣ намуданд.