ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар маҳаллаи ба номи Ҷ.Абёрови ноҳияи Хуросон оид ба пешгирии мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус ва истифодаи самараноки замин бо усули “хона ба хона” бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Намояндагони ҳизбӣ ҳангоми тақсимоти маводҳои таблиғотӣ аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки қоидаҳои беҳдоштиро дар хонадонашон қатъиян риоя намуда, барои фасли зимистон мавордӣ ғизоиро захира созанд. Дар навбати худ чанде аз сокинон иброз доштанд, ки дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, барои захираи маводи оузқаворӣ дар фасли сармо омодагии ҷиддӣ мебинанд.