ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади ба мардум фаҳмонидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи самараноки замин ва аз як замин рӯёнидани чанд ҳосил барои таъминоти оила дар фаслҳои тирамоҳу зимистони солҳои 2020 - 2021 бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар кӯчаи ба номи Дӯстови Ҷамоати шаҳраки Ховалинг суҳбат гузаронида шуд.
Ҳамаи 98 нафар соҳибони манзилҳо аз суҳбатҳои гузаронидашуда, ҷиҳати ҳар чи бештар захира намудани маҳсулоти хӯрока барои зимистонгузаронӣ маълумот пайдо намуданд.