ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади шарҳи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилоти ибтидоии “Ҷамоати шаҳраки Фархор” мулоқот доир намуданд.
Зимни мулоқот масъулин аз Барномаи пешазинтихоботии номзад иқтибосҳо оварда, иброз доштанд, ки мо шаҳрвандон вазифадорем, ки дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат дар самти пешрафту ободии Ватанамон –Тоҷикистони азиз дар корҳои ободониву созандагӣ саҳм гузошта, барои худ ва насли оянда шароити хуби зиндагӣ фароҳам оварем.
Дар фарҷоми суҳбат дар масъалаи пешгирӣ аз бемории сироятии короновирус ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ суҳбат намуда, ба ҷамъомадагон маводҳои таблиғотӣ ва ниқобу маҳлулҳои безараргардониро тақсим намуданд.