КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Созандагон-2” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вобаста ба маърифати оиладорӣ ва устувор нигоҳ доштани пояҳои он маҷлис баргузор гардид.
Дар кори маҷлис мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ, мутахассиси бахши САҲШ-и шаҳри Кӯлоб Рӯзизода Ҷамила ва сармутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Ҳакимова Фарзона иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, дар оғози маҷлис Мунаввараи Бозоралӣ гуфт, ки ҲХДТ оиларо ҳамчун асоси ҷомеа ва арзиши муқаддас эътироф намуда, зери ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои устувории пояҳои он дар шароити нави ҷаҳонишавӣ мунтазам чораҳои зарурӣ андешида мешавад.
Дар идомаи суҳбат Рӯзизода Ҷамила қайд дошт, ки зиндагонии зану мард дар асоси никоҳ ба вуҷуд меояд. Никоҳ барои ба вуҷуд омадани ҷамъиятҳои солим, оилаи солим, фарзандони солим, барои хушхулқу зебо будани инсонҳо лозим аст. Мавсуф таъкид сохт, ки барои пойдор намудани оилаи солим ва мустаҳкам шудани решаҳои пайвандии издивоҷӣ, хусусан ҷавононе, ки мехоҳанд оила бунёд созанд, ҳатман аз муоина ва ташхиси тиббӣ гузаранд, баъдан дар САҲШ худро ба қайди никоҳи давлатӣ дароранд.
Фарзона Ҳакимова доир ба фарҳанги оиладорӣ, пешгирии зуроварӣ дар оила, ҳолатҳои муноқишаҳои оилавӣ, ёрии амалӣ ва ҳуқуқӣ расонидан ба оилаҳои носолим ва иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бо иштирокчиён суҳбат намуд.