БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ба дарки ҷомеа расонидани ҳадафҳои созандаи Пешвои миллат вазифаи асосии ҳизбиён аст

ҚУБОДИЁН. Бо мақсади ба сокинони фаҳмонидани суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли зиёи кишвар ва нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо иштироки роҳбари дастгоҳ-муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Иброҳимзода Неъматулло ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб дар деҳаи Заркамари ҷамоати деҳоти Заркамар маҷлиси ҳизбӣ доир гардид.

Масъулин  дар  назди ҷамъомадагон суханрониҳои Пешвои миллат дар мулоқот бо фаъолони кишварро шарҳу тавзеҳ дода, инчунин оид ба тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, тарбияи ҳарбӣ- ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгири аз майли бегонапарастӣ миёни ҷавонону занон, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дар ин ҷода беҳбудӣ бахшидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум, суханронӣ намуда, даъват бар он карданд, ки барои рушд додани ҳунару анъанаҳои миллии хеш, омӯзонидани ҳунар ба насли наврас саҳмгузор бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg