БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ ВА САРМЕЪМОРИ ДАВЛАТ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ

АНДЕША. Ин суханҳо ба нафаре, ки ба кори неку амали мардона дар рушду Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудаанд. Дар давраҳои аввали солҳои соҳибистиқлолӣ ба сари халқи мо мушкилии зиёде пеш омад. Гурӯҳҳои мухолифу шахсони мансабталаб намехостанд, ки мардуми тоҷик аз самараи истиқлолият баҳравар гарданд. Мамлакат аввали солҳои навадуми қарни гузашта ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Хатари маҳв шудан ва аз харитаи ҷаҳон нест гардидани Тоҷикистон ба ҳақиқати воқеъӣ табдил ёфт. Фарзандони сарсупурдаи миллат бо дарки воқеии ин хатар бар зидди ин ҷанги бемаънӣ ба по хестанд. Пас аз кӯшишҳои пайгирона ва маслиҳату машваратҳои зиёди нерӯҳои солимфикри ҷомеа, ниҳоят, имконият ба даст омад, ки 16-уми ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ баргузор гардад. Дар чунин марҳилаи сарнавиштсози таърихию фоҷиъабор барои миллати тоҷик сарваре лозим буд, ки воқеан миллатдӯст, нотарс ва боирода бошад ва барои сулҳу ваҳдати кишвар ҷони худро дареғ надорад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он вақт ҷонашро ба гарав гузошта, аз минбар ба ҳайси раиси тозаинтихоб гуфта буд; ”Ё ман дар Тоҷикистон сулҳро барқарор мекунам ё дар ин роҳ ҷони худро фидо месозам”. Пешвои муаззами миллат ба нияти худ содиқ монд ва тавонист, ки дар кишвари тоҷикон сулҳу оромӣ оварад. Бо ташаббуси Президенти кишвар ва бо мақсади пешгирии ҷанги фоҷиабори шаҳрвандӣ, таъмини сулҳ ва ризоияти миллӣ, ҳалли мушкилоти гурезаҳо музокирот миёни тоҷикон оғоз гардид.

Раванди музокирот то 27-уми июни соли 1997 идома ёфт ва ҳамон рӯз дар шаҳри Москва Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарии Иттиҳоди мухолифони тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон имзо гузоштанд.

Ин санаи фаромӯшнашаванда муқовимати муборизаҳои байниҳамдигариро дар кишвар хотима бахшида, оғози марҳилаҳои нав ва осоиштаи тарақиёти давлати соҳибистиқлол гардид. Эмомалӣ Раҳмон бо корнамоии таърихӣ ва беназирашон ҳанӯз дар ҳамон давра барои миллат Пешво буданд. Эмомалӣ Раҳмон, ки мушкилоти мамлакатро ба хубӣ медонист. Дар ҳамон давра барои беҳдошти сатҳи зиндагонии аҳолӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ 75 ҳазор гектар замин, ба мардум дода шуд ва таввасути тадбирҳои судманд ва аз худ намудани заминҳои бекорхобида, ҳифзи амнияти озуқавории мардуми кишвар ба маротиб беҳтар гардид. Сарвари давлат ҳамчун мутахассиси кордон роҳбари дилсӯзу ғамхор дар бунёди боғу токзорҳо ба монанди “Боғи миллат” (дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров), “25-солагии Истиқлолият” (дар ноҳияи Ҳисор) ва дар аксарияти шаҳру ноҳияҳо саҳмгузор аст.

Дар солҳои истиқлолият бо пешниҳоди шахсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон биноҳои баландошиёнаи истиқоматӣ, маъмурию иҷтимоӣ, хизматрасонӣ,  Қасри Миллат, Қасри Сомон, Китобхона миллӣ, Осорхонаи миллӣ ва стансияи барқу гармидиҳии Душанбе-2 дар дар пойтахт сохта шудаанд, ки ба пойтахт ҳусни дигар зам намудаанд. Бунёди чунин иншоот дар дигар шаҳру ноҳяҳои кишвар низ идома дорад.

Барои таъмини истиқлолияти энергетикӣ, неругоҳҳои обӣ ба истифода дода шуданд. Барои раҳоӣ аз бумбасти комуникатсионӣ бунёди шоҳроҳҳои байналмилалию дохилии душанбе-Кулоб-Кулма, Душанбе-Нуробод-Лахш, Айнӣ-Панҷакент, роҳи оҳани Бохтар-Ваҳдат-Ёвон, нақбҳои азими Истиқлол, Шаҳристон, Озодӣ, Дустӣ ва пулҳои хурду калон сохта ба истифода дода шуданд. Ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандории Пешвои миллат буд, ки дар кишвар бунёд ва анҷоми корхонаҳои калон идома доранд.

Дар даврони Истиқлолият бо иқдоми Сарвари давлат дар қаламрави ҷумҳурӣ биноҳои таълимии гуногун, аз ҷумла мактабҳои Президентӣ сохта ба истифода дода шуданд. Шумораи мактабҳои таҳсилоти олӣ аз 13 ба 39 адад расид, барномаҳои давлатӣ рушди маориф, компютеркунонӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ қабул гардид.

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуд, Донишгоҳи давлатии тибби Хатлон дар ноҳяи Данғара таъсис ёфт. Пешвои миллат барои рушди соҳаи варзиш низ эътибори махсус доданд. Дар Хуҷанд, Истарвшан, Ҳисор Турсунзода, Бохтар ва дигар ноҳияҳои кишвар ба истифода додани варзишгоҳҳо ва ҳавзҳои шиноварӣ идома дорад.

Дар пойтахт дар назди биноҳои истиқоматӣ майдончаҳои варзишии гуногун сохта шуданд. Бо пешниҳоди Сарвари давлат номҳои қадимаи шаҳру ноҳияҳо барқарор гардиданд, аз ҷумла Хуҷанд, Истаравшан, Бохтар, Рашт, Тоҷикобод, Лахш, Сангвор, Левакант, инчунин барои зинда гардонидани номҳои мутаффакирони  бузург ва қаҳрамонони халқи тоҷик шаҳру ноҳияҳо ба номи онҳо гузошта шуданд: Сино, Рӯдакӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Фирдавсӣ, Шамсиддини Шоҳин, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Спитамен, Темурмалик, Деваштич  ва ҳоказо.

Бо иқдому ташаббуси Пешвои миллат шаҳракҳои нави замонавии Баҳористон дар Истаравшан Сайҳун, дар Хуҷанд, Меҳробод дар Мастчоҳ ва Моҳпарӣ дар Исфара бунёд шуда истодаанд.

Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар пойтахт ва дигар минтакаҳои мамлакат бунёди иншоотҳои таъйиноти гуногуни хизматрасонӣ, сайёҳӣ рушди истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ (армуғонҳо барои сайёҳон), тармиму таҷдиди ёдгориҳои таърихӣ як қатор лоиҳаҳо амалӣ гашта, барои ҷалби соҳибкорону сармоягузорон дар атрофи мавзеъҳои сайёҳӣ  инфрасохтори  зарурӣ бунёд  хоҳад  гашт.

Абдулазиз Ал-Мусаллам- сардори департаменти фарҳанги ҳукумати Аморати Муттаҳидаи Араб дар бораи кишвари мо гуфтааст: “Тоҷикистон сарзаминест, ки дар он ҷо осори тамаддуни ҷаҳонӣ дида мешавад ва месазад, ки чандин маротиба аз ин кишвар дидан кард. Сайёҳон метавонанд бо дили пур барои тамошои ин кишвар биёянд ва аз сафари худ ба ин кишвар пушаймон нахоҳанд шуд.”

Пешвои муаззами миллат бо заковат ва нури хирад ҳамчун бунёдгузори тафаккури нави давлатдории миллӣ дар даврони соҳибистиқлолият ҳамчун сармеъмор бо азму ирода ва неруи созанда ба халқу Ватани маҳбубамон хизмати шоиста карда истодаанд. Бо амалишавии се ҳадафи стратегии рушди Тоҷикистон дар соли гузашта ҳадафи чоруми ин ин стратегия муайян гардидааст, ки саноатикунонии бо мароми кишвар мебошад. Барои амалишавии се ҳадафи миллии рушди Тоҷикистон дар соли гузашта ҳадафи чоруми ин стратегия муайян гардидааст, ки саноатикунонии бомароми кишвар мебошад. Барои амалишавии ин ҳадаф, ки Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои мутараққӣ дар минтақа ва ҷаҳон табдил медиҳад, тамоми сохторҳои маъмурии кишвар масъуланд. Месазад, ки мо дар атрофи меъмори сулҳу ваҳдат ва сармеъмори  кишвар - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид бошем ва Ватани худро боз ҳам ободтар гардонем.

Акбаров Холмурод, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фархор

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg