ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ ва ҳамзамон, оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ дар маҳаллаҳои ноҳия бо усули «хона ба хона» гардиш доир намуданд.
Зимни суҳбат бо аҳолӣ масъулин аз Барномаи пешазинтихоботии номзад иқтибосҳо оварда, иброз доштанд, ки мо дар ҳафт соли оянда мақсад гузоштем, ки рушди устувори иқтисоди миллиро таъмин намоем, дар доираи татбиқи ҳадафи саноатикунонии босуръат бо ҷалби бахши хусусӣ корхонаҳои истеҳсолии нав бунёд кунем ва истеҳсоли маҳсулоти ба рақобати бозор тобовар ва ба содирот нигаронидашударо ба роҳ монда, тамоми иқтидорҳои мавҷударо дар ин самт сафарбар созем. Ҳамзамон бо ин, вазъи соҳаҳои афзалиятдоштаи кишвар, аз ҷумла саноат, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт, илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва бахшҳои дигарро беҳбуд бахшида, ба сокинони мамлакат барои расидан ба зиндагии шоиста имконияти бештар фароҳам оварем. Бо ин мақсад мо дар ҳафт соли оянда татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» - ро таъмин карда, дар ин асос муҳимтарин масъалаҳои иқтисодиро амалӣ менамоем.
Инчунин, дар масъалаи пешгирӣ аз бемории коронавирс бо сардорони оилаҳо суҳбат намуда, ба шахсони ниёзманд ниқобҳои яккаратаи муҳофизавӣ, маводҳои безараргардонӣ ва варақаҳои тарғиботӣ тақсим карда шуд.