БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН ОЯНДАИ МИЛЛАТАНД

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Тибқи нақша- ҷорабиниҳо вобаста ба баргузории чорабиниҳои маърифатию варзишӣ ва итилоотӣ ҷиҳати ихтиёран сафарбар гардидани ҷавонон ба сафи  Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи тирамоҳи соли 2020 бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия бо мақсади мустаҳкам кардани робитаи ҷавонон бо ҲХДТ ва омода намудани ихтиёриён ба хизмати ҳарбӣ- ҳамчун мактаби бузурги ҷасорату мардонагӣ дар муассисаҳои таҳсилоти  миёнаи умумии № 6 ва  2 вохӯриҳо гузаронида шуд.

Зимни баргузории суҳбат масъулин оид ба ҷалб намудани ҷавонон- ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани ҳисси миллӣ дар байни ҷавонон ва наврасон, ҷалби наврасон ба аъзогии ТҶҶ “Созандагони Ватан” баромад карда, иброз доштанд, ки  ояндаи давлату миллат дар дасти  ҷавонони бонангу номуси кишвар буда, ҳар як ҷавони худогоҳу ватандӯстро зарур аст, бо ҷасорату далерӣ қарзи фарзандии хешро дар сафи Артиши миллӣ сарбаландона адо намуда,  фарзанди сазовори сарзамини аҷдодии тоҷикон-Тоҷикистони маҳбуб гардад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg