МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ибтикори шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод дар якҷоягӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-и деҳаи Боғгаии Ҷамоати деҳоти Боғгаӣ ҷиҳати пешгирии бемории сироятии COVID-19 вохӯрӣ бо сокинон ва хонандагони муассисаи мазкур доир гардид.
Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Алишери Амрохон вобаста ба хуруҷи мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус ва истифодаи самараноки замин, баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ҷалби ҷавонони синни даъватӣ ба хизмати ҳарбӣ ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ ва дигар масъалаҳои муҳими ҷомеа андешаронӣ карда, аз иштирокдорон даъват ба амал оварданд, ки дар ҳифзи солимии ҷомеа, риояи қонунҳои амалкунанда ва таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон бетараф набошанд ва бо амалҳои созанда дар пешрафту тараққиёти меҳан саҳмгузор бошанд.