БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ - ШИНОСНОМАИ ҲАСТИИ ДАВЛАТ

Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳалаи сифатан нави рушд гардида, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт.

                                                                                                                                        ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

 

АНДЕША. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи санаҳои муҳимтарини таърихӣ ва миллии мо бузургтарин ва муқаддастарин ҷашн ба ҳисоб меравад.

Ин неъмати бузург баробари ба даст омаданаш, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию хамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овард.

Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ, соҳибихтиёрӣ ва бузургии миллат аст, ки сиёсати дохилию хориҷӣ, иқтисодӣ, вазъияти иҷтимоиву фарҳангии миллатро ривоҷу равнақ медиҳад. Истиқлол рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду тамаддунофари тоҷик аст.

Мо тоҷикон номаи тақдирамонро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хосса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кард ва набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра ҳамсадо месозад.

Гарчанде бархе аз зархаридон оромиву осудагии ин миллатро намехостанд, кӯшиш менамуданд, ки ин миллати бузугро бо ҳамдигар иғво андохта, ҷангҳои бародаркуш ташкил намуданд, мардуми барӯманди ин сарзаминро муҳоҷир гардониданд, манзилҳоро вайрон карданду тифлаконро бесаробон карданд, аммо ба муроди дили пуркинаашон нарасиданд. Зеро ин миллати бузургро марди бузургу дунёдида, ҷаҳондону дарёдил, бохираду некқадам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони азиз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбаладӣ мекунад.

Бо мурури вақт ҳама душворию азиятҳо паси сар гаштаву Ватани азизамон Тоҷикистон орому халқи азизамон дилшод гардиданд.

Бо паси сар кардани монеаву душвориҳои ҷанги шаҳрвандӣ, имрӯз Тоҷикистонро тамоми мамлакатҳои ҷаҳон мешиносанд. Имрӯз тоҷикро тамоми дунё чун миллати бузург эътироф мекунанд. Фарзандони ин миллати баруманд дар тамоми кишварҳои ҷаҳон дар соҳаҳои гуногун фаъолият мекунанд. Қариб ҳамаи кишварҳои дунё робитаи дӯстию тиҷоратиашонро бо Тоҷикистон пайвастаанд, ки ин ҳама нишонаҳои бузурги истиқлол аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди аҳамияти ин санаи таърихӣ чунин ибрози андеша намудаанд: “Маҳз истиқлолият ба мо имконияти таърихиеро фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем”.

Халқи тоҷик дар тӯли 29 соли Истиқлолият ба дастовардҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ соҳиб гардид.

Муҳимтарин дастоварди мо дар даврони истиқлолият ин пеш аз ҳама расидан ба ваҳдат ва оштии миллӣ, таъмини сулҳу оромӣ, аз хатари нобудӣ наҷот додани давлатдории миллиамон, аз парокандагӣ раҳо бахшидани якпорчагии марзу буми аҷдодӣ буд. Зеро бе ваҳдату якпорчагӣ бунёди давлати озод, амалӣ сохтани орзуву ормонҳои таърихии миллат ва ҳадафу барномаҳои ояндасоз ғайриимкон буд.

Истиқлолият ва бунёди давлати миллӣ ба ҳам робитаи пайваста дошта, бидуни ҳамдигар вуҷуд дошта наметавонанд. Маҳз истиқлолият поя ва имконияти бунёди давлати миллиро фароҳам меорад. Аз рӯи адолат бояд гуфт, ки тамоми дастовардҳои даврони истиқлолият бо ному пайкори хастанопазир ва ҷонфидоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон робитаи қавӣ дорад. Бидуни муболиға муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро метавон меъмор ва бунёдгузори давлати соҳибистиқлол Тоҷикистон ҳисобид.

Эмомалӣ Раҳмон аз қадамҳои нахустини худ ҳамчун Сарвари давлат роҳ ба сӯи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоиро интихоб карда, дар ин ҷода азму талоши беандоза намуданд.

Эҳёи суннатҳои давлатдории миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таърих, забон, фарҳанг, дину мазҳаби аҷдодӣ ва дигар арзишҳои миллӣ, таҳкими истиқлолияти ғоявии кишвари соҳибистиқлоли мо иқдоми муҳимми Пешвои миллат мебошад.

Имрӯз самараи неки истиқлол аст, ки Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон - манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як тоҷик аст. Мо бояд ба қадри истиқлолият ва озодӣ расида, хизматҳои шоиста, сиёсати оқилона, хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллатро гиромӣ дошта, роҳи интихобкардаи халқи тоҷикро ҳифз карда, дар ҳифзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон саҳмгузор бошем. Зеро дар ҷодаи бунёди давлати миллӣ, ҳуқуқбунёд ва демократии тоҷикон қарзи инсонӣ, виҷдонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мо ба ҳисоб меравад.

Хуҷаста бошад  иқболи тоҷик,

Ба парвози навин шаҳболи тоҷик.

Гар истиқлолаш истиқбол дорад,

Ҳумоён бод, истиқлоли тоҷик!

Муҳаммадҷон Зулфов, роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg