БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ ГАНҶИНАИ ҶОВИДОНАИ МИЛЛАТ

АНДЕША. 9 сентябри соли 1991 рӯзи хотирмонест, барои ҳар як сокини бонангу номуси тоҷик ва сабти абадист дар хотироти мардуми мо зеро, ки он рӯз Тоҷикистони мо Истиқлолияти давлатии хешро ба даст овард. Кишвари маҳбуби мо соҳибистиқлол гардида, то имрӯз ба дастовардҳои бузург ноил гардид ва мо имрӯз бо сарбаланди ва ифтихори беназир гуфта метавонем, ки халқи тоҷик ин истиқлолиятро бо роҳбарии сарвари қаҳрамонамон Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиб гардид.

Аллакай аз Истиқлоляти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 сол сипарӣ шуд. Ҳақиқатан Истиқлолият шарафу номуси ватандории ҳар як миллат аст. Солҳои аввали Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯзҳои вазнин рост меояд, ки дар таърихи миллати тоҷик ин фоҷиаи гарон чун саҳифаи фаромӯшнашуданӣ ва хузнангез сабт шудааст, то ояндагонро сабақи зиндагӣ бошад.

Чи хуш аст, пас аз азобу мушкилиҳои зиёде Тоҷикистони мо боз сарсабз гашта истодааст. Таърих баъд аз ҳазор соли маҳрумият аз давлатдорӣ дигарбора ба мо тоҷикону Тоҷикистониён имкон дод, ки чун давлати соҳибистиқлол арзи ҳастӣ намуда, ба тамоми оламиён исбот намоем, ки халқи тоҷик аз қадиммулайём бунёдкору созанда ва ободгару ватандӯст аст, зеро дар тӯли 29-соли истиқлол Ватани мо ҳақиқатан ҳам зебову дилрабо гардидааст ва минбаъд аз он ҳам гуворотар хоҳад шуд. Воқеан, истиқлол шукуфоии Ватан мебошад.

Дар партави иқдомҳои бунёдкоронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарафманди тоҷик ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ камари ҳиммат бастаанд, ки ин ҷараён то кунун дар тамоми гӯшаву канори мамлакат босуръат идома дорад.

Истиқлолияти давлатӣ дар назди мардуми тоҷик вазифаҳои бузурги таърихиро гузошт, ки муҳимтарини онҳо ташкили аркони давлати соҳибихтиёри миллӣ, таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлатӣ ва ҷомеаи оғози раванди созандагиву бунёдкориҳо ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум буданд.

Рӯзи Истиқлолият бузургтарин ва шукӯҳтарин санаи сиёсию таърихӣ барои миллати тоҷик аст. Ин рӯз ҷашни мавлуди тифли ормонҳои ҳазорсолаи ниёгони тоҷик мебошад, ки онро дар батни таърих бо ғизои забони фанонпазири тоҷикӣ, шеъри оламгир ва анъанаву ҷовидонӣ парварда ба арсаи ҳастӣ оварданд. Дар таърихи ҳар миллате санаҳое ҳастанд, ки арзишу аҳамияти фавқуллода доранд.

Барои мо тоҷикон, чунин санаи бузурги дорои аҳамияти таърихӣ 9 сентябр ҷашни Истиқлолият мебошад. Ҷашн пеш аз ҳама шодию сурур ва шукӯҳу тантана аст, шукӯҳу тантанае, ки дар замираш маънову рамзе дорад ва ин маънову рамз як ҷашнро аз ҷашни дигар мутамоиз месозад.

Истиқлолият ин ҷамъбасти талошу муборизаҳо ва худфарсоиву ҷоннисориҳои абармардони миллат аст, ки барои озодию худмухтории халқи тоҷик ва давлати миллӣ аз худ нишон додаанд ва дар санаи ин муборизаҳои беамон ҷон  супоридаанд.

Аз ин рӯ, ҷашни Истиқлолият ҷашни омӯзиши таърих ва шиносоӣ бо гузаштаи ниёгони бузург аст. Вагарна, чи тавр метавонем, арзишу асолати Истиқлолро дарк намоем.

Ман ҳамчун як ҷавони даврони истиқлол ба чашми худ дида будем, ки дар ҳамаи самту соҳаи мамлакат камбудиҳо буд. Имрӯз шукронаи Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ мекунам, ки дар тамоми гӯшаву канори мамлакат бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маром идома дорад.

Агар мо ба оинаи нилгун назар афканем ҳамарӯза мебинем, ки дар гӯшаву канори мамлакат сохтмонҳои бузург махсусан Мараказҳои тандурустӣ, донишгоҳу донишкадаҳо, мактабу боғчаҳо сохта ба истифода дода шуда истодааст.

Дар давоми як соли охир дар шаҳри Кӯлоб зиёда аз даҳҳо иншоотҳои хурду бузург сохта ба истифода дода шудааст.

Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хосса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кард ва набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра ҳамсадо месозад.

Имрӯзҳо, ки мо дар арафаи маъракаи муҳимми сиёсӣ - интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Дар ин замина мо - ҷавононро мебояд дар интихоботи дарпешистода иштироки фаъол намуда, дигар ҷавононро, ки бори аввал иштирок менамоянд  фаҳмонем, ки интихобот ин ифодаи олии ҳокимияти халқ, раванди муҳимми сиёсиест, ки аз натиҷаҳои он рушди пешрафти минбаъдаи он вобастагии калон дорад, зеро интихобот дар 7 сол як маротиба гузаронида мешавад.

Солгарди ҷашни Истиқлолият ба кишвари мо шукуфоӣ ва пешравии ҳамаҷониба ва ба мардуми шарифи Тоҷикистон саодату пирӯзии комил оварад.

Мунаввараи  Бозоралӣ, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб                                  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg