БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Наҳзатиҳои лаънатӣ ба сагбаччаҳои виртуалӣ табдил ёфтаанд

ВОКУНИШ.Имрӯз ободиву шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол боиси хушбахтии мардум ва ҳамзамон рашку ҳасади хоинону бадхоҳони миллати тоҷик гардидааст. Бадхоҳони миллат дар хориҷ сараввал аз хизмати хоинон истифода бурда, онҳоро ба муқобили давлату миллаташон тарбияву маблағгузорӣ мекунанд. Хоинон низ бо мақсади рӯпуш кардани ҷиноятҳояшон шиорҳои «Ҳомии дини ислом»-у «Ҳомии демукросӣ»-ро ба худ нисбат дода мардумро гумроҳ кардан мехоҳанд. Айни замон бадхоҳони миллати тоҷик аз ду фирқа хоинон истифода бурда истодааст: яке ТЭТ ҲНИ ва дигаре гурӯҳи 24, ки аз 4 нафар аблаҳе беш нестанд. Чун диданд, ки мардум хиёнатҳои онҳоро пай бурду дигар ба ягон ҳарфи онҳо этибори ҷидди намедиҳад, сар карданд ба пора-пора кардани худ ва ба гурӯҳчаҳо тақсим шудан ва ин ҳам иборат аз ҳамон нафароне, ки агар дар як гурӯҳчааш раис бошанд, дар гурӯҳчаи дигараш аъзо ҳастанд.Масалан, чанд муддат пештар аниқаш санаи 12-феврали соли 2018 расонаи ифротии наҳзатӣ баёнияи иғвоангезонаеро бо номи «Анҷумани озодандешони тоҷик» аз номи ашхоси хориҷ аз кишвар интишор карда буд, ки ҳеҷ як фарди ватандӯсти асил ва озодандеши воқеиро бетараф гузошта наметавонад. Ман, низ ба ҳайси як сокини кишвари шукуфон ва рӯ ба тараққии Тоҷикистон андешаҳои худро баён карданиам.

Аз нахуст сархати баёнияи гурӯҳчаи асолатбохтаҳои бо ном озодандешони тоҷик мисли рӯзи равшан аён аст, ки муассисони он комилан ғуломи бадхоҳони миллат буда, бо маблағгузории хориҷиён бо мақсади анҷом додани амалҳои террористиву экстремистӣ таъсис ёфтааст ва аъзояш ҳамон аъзову ҷонибдорони ТЭТ ҲНИ, яъне инҳо ҳам ҳамон наҳзатиҳои лаънатӣ. Онҳо шарму иборо аз худ фарсахҳо дур карда, Тоҷикистони ҳамарӯза рушд ёбанда ва бо ҳама маънояш ободу зебо гаштаитстодаро гирифтори буҳрони амиқи иҷтимоиву сиёсӣ нишон доданианд. Онҳо ин суханонро на барои мардуми тоҷик мегӯянд, чунки медонанд, ки миллати тоҷик ҳаргиз ба дуруғӯ иғвоҳои онҳо дода намешавад. Онҳо ин баёнияҳои худро ба бадхоҳони миллат нигаронидаанд, то онҳо хурсанд шуда чанд устухоне пеши ин сагбаччаҳои виртуалии хоину хаёлпараст партоянд.

Аз нуқтаи назари ман ин иқдоми ифлоси онҳо танҳо барои реклама ва таблиғи муассисонашон мебошад. Чунки муассисони ин Анҷумани хиёнаткор аслан шахсиятҳои беобрӯву беарзиш буда, дар Тоҷикистон ба ҳайси дасисагарон ном бурда мешаванд.

Ҳақ ба ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар яке аз суханрониашон гуфтаанд: «Дар тӯли таърих ягон халқу миллат хиёнат ба Ватан-Модар, давлат ва мардумро набахшидааст ва намебахшад». Ин хиёнатҳои онҳоро ҳам касе намебахшад.

Дар маркази Аврупо, яъне шаҳри Венаи давлати Австрия созмон додани Анҷуманро барои худашон сипар ҳисобиданианд. Вале тафаккурашон басандагӣ намекунад, ки давлатҳо ва ҷомеаи Аврупоӣ вазъи Тоҷикистони шукуфонро хуб медонанд ва аз ҳиллагариҳои ифротиён низ комилан бохабаранд. Аммо сиёсати баъзан давлатҳои аврупоӣ ҳам аз рӯи принсипи «зарар ба дигарону манфиат ба худ» омода шудааст ва боназардошти манфиатҳои геополитикӣ омодаанд дар рӯи гурӯҳи толибону аъзои ДОИШ ҳам ниқоби «демократия» кашанд. Чунки онҳо манфиати худро дар зарари дигарон мебинанд ва ба ин намеандешанд, ки ҳамин дастпарваронашон рӯзе сари худашонро хоҳад хӯрд.

Муссалам аст, ки яке аз муҳимтарин барномаҳои ифротиён аз байн бурдани давлатҳои мустақил мебошад. Зеро онҳо ба сохти давлатдорӣ, тарзи зиндагӣ, арзишҳои миллӣ, таърихӣ ва ободонии Тоҷикистон муқобил буда, бо он бо чашми ҳасад менигаранд.

Ба андешаи манн ҳар як фарди солимфикри ҷомеа бояд дар пайи ҳимояи арзишҳои олии давлатдорӣ, хоса таҳкими Истиқлолияти давлатӣ буда, бо дарки мақсаду маромҳои нопоки чунин хиёнаткорони ифротӣ бештар ватани худро дӯст дорад ва ба муқобили хоинону бадхоҳони миллат муборизаи беамон барад.

 

Маҳмадсаид РАҶАБЗОДА, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg