БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБОДИИ ВАТАН АЗ ИНТИХОБИ ДУРУСТИ МО ВОБАСТАГӢ ДОРАД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Тибқи ҷадвали суҳбату  вохӯриҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кулоб дар маҳаллаҳои 1-уми май, Офтобрӯя, Фирдавсӣ ва Нуробод вобаста ба масъалаи иштирок дар Интихоботи Президентӣ мулоқот баргузор карда шуд.

Дар ин мулоқот узви гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин иштирок ва баромад намуданд.

Фирӯзи Саидмуъмин  дар бораи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, иброз дошт,ки дар айни замон Ҷумҳурии Тоқикистон дар марҳилае қарор дорад, ки аз як ҷониб маъракаи муҳимми сиёсӣ -Интихоботи Президентӣ ва аз ҷониби дигар омодагиҳо ба ҷашни 30-солаги Истиқлолияти давлатӣ  дар ҳама шаҳри ноҳияҳои мамлакат корҳои созандагию бунёдкорӣ идома дорад. Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки аз ҳарвақта дида масъулияти зиёдро эҳсос намоем

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg