КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Мутобиқ ба ҷадвали баргузории суҳабту вохӯриҳо бо интихобкунандагони маҳаллаҳои ба номи Сино ва А. Ҷомӣ мулоқот доир карда шуд.
Зимни мулоқот узви гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саидов Насим ва роҳбари ташкилоти ибтидоии “Сино” иштирок ва баромад намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ аввалан Насим Саидов ба сухан баромада, оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2013-2020 гуфта шуда, нақшаҳои ҲХДТ дар рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар даҳ соли оянда ба ҳозирин шарҳ дода шуд
Дар ин росто аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки зимни баргузории чорабинии муҳимми сиёсӣ аз худ масъулияти баланди ватандӯстӣ нишон дода, дар раванди интихобот фаъолона ширкат варзанд.