БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ РАЁСАТ ДАР САТҲИ БАЛАНДИ СИЁСӢ ДОИР ГАРДИД

ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ бо иштироки узви Кумитаи иҷроияи  вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Дӯстӣ  Саидзода Нурмаҳмад ва аъзои Раёсати Кумитаи иҷроия  баргузор гардид.

Маҷлиси Раёсатро  зимнан раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Одиназода Ҳуснигул оғоз бахшида, масъалаҳои  таъсиси Ситоди  пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,  таъсиси нақшаи кории Ситоди ноҳиявии  пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, таъсиси гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,тасдиқи нақшаи кории гурӯҳи тарғиботӣ оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва масъалаҳои ҷориро  барои баррасӣ пешниҳод намуд.

Баъди тасдиқи масъалаҳои баррасигардида, ҳамагон баҳри таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ сафарбар карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg