ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ва сокинон шанбегӣ баргузор гардид. Иштирокдорони корҳои ободонӣ бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу ороми кишвар ба амалҳои созанда машғул гардида, дар як қатор корҳои бунёдкорӣ саҳми хешро гузоштанд.