ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии "СЭС" бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ оид ба баргузории чорабинии муҳимми сиёсӣ-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Масъулин зимни баромад иброз доштанд, ки мардуми сарбаланди тоҷик бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи 29-соли соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои зиёде ноил гардидааст. Хушбахтона, имрӯз мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ ва неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад.
Ҳамзамон қайд гардид, ки ҳама якҷоя дар ин маъракаи муҳим иштирок намуда, қарзи шаҳрвандии худро иҷро менамоянд.