ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар кӯчаи ба номи Сайдалӣ Вализода (2)-и Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук миёни аҳолӣ бо усули “хона ба хона” вобаста ба пешгирӣ аз бемории сироятии (COVID - 19) вохӯрию суҳбатҳо гузарониданд.
Масъулин иброз намуданд, ки риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ моро ва наздиконамонро аз сироятёбӣ эмин нигоҳ медорад. Инчунин, ба онҳо муроҷиатномаи ҲХДТ тақсим карда шуд ва ба сокинон ҳушдор дода шуд, ки бо истифода аз маҳлулҳои антисептикӣ ва ниқобҳои тиббӣ худро аз коронавирус муҳофизат намоянд.