БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САДОҚАТ БА ПЕШВО, САДОҚАТ БА ВАТАНУ МИЛЛАТ АСТ!

АНДЕША. Халқи тамаддунофари тоҷик, ки бо поктинатию асилзодагӣ, ғуруру ифтихори баланди миллӣ ва дигар хислатҳои барҷастаи худ маъруфу машҳури оламиён аст, садоқату вафодорӣ ба халқ Ватани худро муҳимтарин арзиш ва мояи пойдории давлату арзишҳои муқаддаси он мешуморад. Мусаллам аст, ки ҳар фарди худогоҳ, ки дар рӯҳияи меҳандӯстию арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддаси мимллату  ватандорӣ ба воя расидааст, сазовори боварии халқу Ватани худ буданро ифтихору сарбаландӣ ва ҳам рисолати ҳаётӣ дониста, фарзандон ва наслҳои ояндаро низ дар ҳамин рӯҳия тарбия мекунад.

Мо, тоҷикистониён, ки фарҳанги волои ватандорӣ ва муқаддасоту арзишҳои аз насл ба насл, аз ниёгонамон ба  мерос гирифтаем, оддитарин иштибоҳро дар зиндагӣ, ки боиси аз даст додани боварии атрофиёнамон мегардад, баробари як фоҷеаи бузурги  ҳаётӣ мешуморем. Аз ин лиҳоз, мафҳуми хиёнат ва ё хиёнаткорӣ дар зеҳни мардумамон намеғунҷад ва аслан ин вожа дар фарҳанги муоширати мо ниҳоят кам истифода мешавад.

Мутаассифона, бо гузариши муҳимтарини даврони ободонию созандагиҳо шоҳиди хиёнаткориҳои бархе аз асолатбохтагон гардида истодаем, ки солиёни зиёд зери ниқоби сиёсӣ теша ба решаи арзишҳои мо заданӣ буданд.

 Филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” далели раднопазири хиёнаткории бархе аз ватанфурӯшони ба ном тоҷикистонӣ ба ҳисоб рафта, парда аз рӯйи гурӯҳи ифротгарову миллатбадбини Ҳизби наҳзат бардошт ва ба фарқ аз дигар филмҳои ҳуҷҷатие, ки то кунун синамогарони мо ва ҳамтоёни ҳориҷии онҳо аз  дигар кишварҳои олам бардоштаанд, дар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” розҳои нуҳуфтаи наҳзатиҳо бо мисолҳои  возеҳ ва шарҳу тафсири воқеии шоҳидони кирдорҳои номатлуби роҳбарони ташкилоти террористиву экстремистии ҲНИ бардоштааст. Дар баробари маълумотҳои дақиқ, ҳамчунин андешаҳои собиқ аъзои ба ном ҳизби исломӣ, хешу наздикони хиёнаткори №1 Кабирӣ ва дигар шоҳидони ҳодисаҳои нангин сиру асрори зиёдеро аз кирдорҳои нафратовари наҳзат ва пуштибонҳои хориҷии онҳо фош намудааст.

Дар воқеъ, тамошои ин филми ҳуҷҷатӣ, пеш аз ҳама, барои мо кормандони соҳаи маориф, ки таълиму тарбияи насли ояндаи кишварамонро ба уҳда дорем, муҳимму ҳатмист. Зеро тарбиятдиҳанда дар баробари падару модар масъули бевоситаи солимфикру ватандӯст ба воя расидани насли ҷавони Ватани худ мебошад. Раванди суръатзои ҷаҳонишавӣ ва рушду пешрафти технологияи муосир, ки ба фазои идеологӣ ва тафаккуру ҷаҳонбинии ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсири бузург расонида истодааст, кишварҳои оламро водор месозад,  ки ҷиҳати ҳифзи маънавиёти шаҳрвандонаш аз ҳамагуна ҳуҷумҳои идеологии ба арзишҳои давлатии худ бегона диққатии аввалиндараҷа диҳад.

Барои мо – мардуми тамаддунофари тоҷик, ки баъди шикасту рехти ҳазорсолаҳои бедавлатӣ соҳиби ҷумҳурии соҳибистиқлол гардида, арзишҳои миллии худро дубора эҳё карда истодаем, натанҳои гузашти таърих, балки рӯйдодҳои се даҳсолаи охири кишварамон  ва ҳодисаҳои чандсоли охири минтақа сабақи ниҳоят муҳим шуда метавонад. Новобаста ба сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳади миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ба хотири ислоҳ шудани ҳар як фарди ин ҷомеа борҳо хатокору ҷиноятпешаҳоро авф намудааст, вале боз ҳам душман кору кирдорҳои зишти  худро идома медодааст.

Тавассути филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” мо аз якчанд амали ноҷавонмардонаи  душманони  миллатамон огаҳӣ пайдо намудем, назди худ мақсад гузоштем, ки шурӯъ аз  хонаводаи худ то суҳбату вохӯрӣ бо қишрҳои гуногуни ҷомеа, мардумро ба ҳифзи дастовардҳои даврони Исиқлол ва сулҳу Ваҳдати миллӣ ташвиқ намоем.

Мо, омӯзгорони шаҳри Бохтар талош меварзем, ки ба масъалаи тарбияи насли оянда дар рӯҳияи арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу давлатӣ, шукргузорӣ аз Истиқлоли давлатӣ беш аз пеш диққат дода, дар зеҳну шуури фарзандон эҳсоси садоқат ба Ватан, миллат ва Пешвои миллатро устувор гардонем.

Манзура Гулаҳмадзода,  мудири боғчаи №9-и шаҳри Бохтар, узви гурӯҳи вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg