БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АРТИШ СИМОИ МИЛЛАТ ВА УМРИ ДАВЛАТ АСТ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.

Кормандони масъулии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳамарӯза дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар бораи тайёр намудани мутахассисон барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳӣ бо ҷавонону наврасон вохӯрӣ доир намуданд.

Дар суҳбат масъулини ҳизбӣ иброз доштанд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ вазифаи муҳими ҳар як ҷавони бонангу номус мебошад. Мақсад аз даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ- пурзӯр намудани иқтидори мудофиавии мамлакат, ҳимояи марзу буми Тоҷикистон ва баланд бардоштани донишу малакаи низомии ҷавонон аст. Барои ҳамин, лозим аст, ки аз хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ худро дар канор нагиранд, ба қадри неъматҳое, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол ба он ноил гаштааст, тинҷию оромӣ ва пешрафти вазъи иқтисодӣ расанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg