Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар толори Мақомоти иҷроияи маҳалли ҳоқимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, раиси ноҳия Убайдуллои Файзулло ва фаъолону собиқадорони ҲХДТ баргузор гардид.
Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияро раиси Кумитаи иҷроия кушода, масъалаҳои таъсиси Ситоди ноҳиявии пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, тасдиқи нақшаи кории Ситоди ноҳиявии пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, таъсиси Гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, тасдиқи нақшаи кории Гурӯҳи тарғиботӣ оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои баррасӣ пешниҳод намуд. Сипас, раиси ноҳия Убайдуллои Файзулло дар бораи маъракаи муҳими сиёсии дарпешистодаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ карда, аз иштирокдорон даъват ба амал овард, ки дар рафти чорабиниҳои ҳизбӣ, корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ миёни аҳолӣ ва иштироки фаъолона дар маъракаи муҳими сиёсии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.
Дар охир доир ба масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.