БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ- РАҲНАМОИ АМАЛҲОИ СОЗАНДА

МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод дар якҷоягӣ бо бахши кор бо занони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и маркази ноҳияи Муъминобод ҷиҳати пешгирии бемории сироятии COVID-19 ва истифодаи самараноки замин вохӯрӣ бо омӯзгорони муассиса доир карданд.

Дар вохӯрии мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Раҷабова Гулсунбӣ ва мудири бахши кор бо  занони ноҳия Ҳасанзода Шаҳло вобаста ба   масъалаҳои муҳим, аз ҷумла  хуруҷи мавҷи дуюми бемории сироятии  коронавирус ва захираи маводи хӯрока барои фасли зимистон бо истифодаи самараноки замин андешаронӣ карда, таъкид намуданд, ки  муассисаҳои таълимӣ, ки дар он  шумораи  зиёди  одам  ҷамъ меоянд, нисбати  риояи гигиенаи шахсӣ  бояд ҷиддӣ муносибат кард ва  хонандагонро пайваста таъкид намоем, ки  аз маҳлулҳои антисептикӣ, ниқобҳои тиббӣ ва дигар қоидаҳои беҳдоштӣ ҳангоми ворид шудан ва  синфхонаҳо истифода баранд. Инчунин, дар идома масъулин доир ба сатҳи таълиму тарбияи хонандагон, фаъолияти омӯзгорон  ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз  мулоҳизаронӣ карда, онҳоро ба донишандӯзиву  худогоҳии миллӣ, аз бар кардани касбу ҳунарҳои мардумӣ раҳнамоӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg