БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХОИНОН ЗЕРИ ПАРЧАМУ ШИОРҲОИ АЛОҚАМАНД БО ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ ФАЪОЛИЯТ ДОРАНД

ВОКУНИШ. Тоҷикистони азизи мо аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон гурӯҳҳои алоҳидаи худхоҳу ҷоҳталаб таҳти таъсири андешаҳои тундгароёнаи доираву нерӯҳои бадхоҳи хориҷӣ қарор гирифта, Ватанамонро ба гирдоби низоъҳои дохилӣ ва мухолифати мусаллаҳона кашида, то ҳоли ҳозир ба сулҳу пойдору ваҳдати ягонаи миллати мо монеа эҷод карда  истодаанд.

Бадбахтона,  баъзе ҷавонони мо низ бо роҳҳои гуногун ба ин гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ шуда, ҷони худро дар хатар андохта, ба куштору ғорат ва дигар кирдорҳои нопок даст мезананд, ки ин аламовар аст.

Ҳоло ҳар як фарди кишвари мо, аз ҷумла ҷавононро зарур аст, ки саъю кӯшиши хешро дар роҳи хотима гузоштан ба ин муноқишаҳои фоҷиабор, марги одамони бегуноҳ равона кунанд. Ба мо маълум аст, ки ҳамаи ин бозиро аз ҷониби кишвари манфиатдор бо дасти гурӯҳу созмонҳои ифротии экстремистӣ-террористӣ амалӣ карда мешаванд, ки зери парчаму шиорҳои алоқаманд бо дини мубини Ислом фаъолият доранд. Мо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем, ки моро майдони ҷангу ҷидолу хунрезӣ кадом қувваҳо кашида буданд. Ҳамин қувваҳо боз талош ба харҷ дода истодаанд, ки офтобу сулҳу ваҳдати моро боз зери абрҳои сиёҳ пинҳон намоянд.

Ҳамин амалҳои нопокашон буд, ки имрӯз пушти дари хоҷагони хориҷиашон дар Аврупо ва дигар кишварҳои хориҷ гӯё зиндагӣ доранд, мақсадашон ба даст овардани ҳокимияту давлат ба таври зӯрӣ ва қатлу куштор мебошад. Мо- ҷавонон боварии комил дорем, ки ҳеҷ гоҳ бадхоҳони миллат ба мақсадашон намерасанд.

Шомалангова Миҷгона, мудири шуъбаи кор бо занон  ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён                                             

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg