ВОКУНИШ. Ба ҳамагон маълум аст, ки миллати тоҷик таърихи тӯлони дошта, куҳанбунёд аст. Вай дар таърихи башарӣ нақши тамаддунофару созандагии хешро исбот намудааст. Таърихи миллати мо аз қарни ҳазорсолаҳо паёми дӯстӣ, меҳру муҳаббат, илму маориф, ақлу хирад, зиракиву заковат ва фарҳангу маданиятро ба наслҳои минбаъда мерасонад.
Аз ин лиҳоз зиёиёни ҷомеа, хусусан нафароне, ки дар дунё пастиву сардиҳои зиёдро дидаанд, бояд ба ҷавонон хушдор диҳанд, ки аз гурӯҳҳои ифротгарову тундгарои ба монанди «Паймони миллӣ», ТЭТ ҲНИ, ва гурӯҳи 24 дур бошанд. Ҷавонон ва наврасон фирефтаи доми онҳо нагарданд ва ба ҷойи таваҷҷуҳ ба гуфтаҳои ин хоинони Ватан бештар ба рушду ободии Ватан зоҳир намоянд. Ин бадхоҳони миллат кайҳо боз лухтаки дасти бегонагон гаштаанд ва мақсади ягонаашон ноором кардани фазои сиёсии Тоҷикистон мебошад.
Хушбахтона, ин бадхоҳон ҳеҷ гоҳ наметавонанд, ба он нопокии мақсаде, ки дар солҳои навадум расида буданд, дигарбора расанд. Зеро чашми халқ кушода шудааст ва онҳо некро аз бад, сиёҳро аз сафед фарқ мекунанд. Барои мардум пеш аз ҳама манфиату дастовардҳои миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу оромӣ болотар аз ҳангомаҳои ин бадхоҳон мебошад.
Ба таърихи сиёҳи наҳзатиён нигоҳ кунем, корашон нахуст аз фиреб намудани ҷавонон оғоз гардида, баъдан ба қатлу куштор ва террори мардуми бегуноҳ меанҷомад, ки инро мо ҷавонон хуб пайхас менамоем. Пас аз ташкилёбии ДИИШ сиёсати террористии наҳзатиён боз ҳам фаъол гардид. Онҳо аз ғалабаҳои муваққатии гурӯҳи террористии дар Миср ва ДИИШ дар Ироқу Сурия руҳбаланд гардида, дар Тоҷикистон амалиётҳои нопоки худро боз ҳам фаъолтар намуданд. Дар баробари як қатор ҳодисаву воқеаҳо, аз ҷумла кӯшиши табаддулоти ҳарбӣ, воқеаи нангини куштори сайёҳони хориҷӣ, ки наҳзатиён содир намудаанд, боиси ғазаби мардуми кишвар гардид. Мо ҷавонону наврасон дар куҷо надидаем ва нахондаем, ки тоҷик меҳмони худро бикушад. Наҳзатиён бо ин амали нангинашон дигарбора маълум намуданд, ки заррае аз ҳуввияту асолати милливу имони дар фикру хаёлашон нест.
Шомалангова Миҷгона, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён