КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар деҳаи ба номи Х. Собитови Ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳия корҳои тарғиботиву ташвиқотиро ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус “COVID-19 ба роҳ монда шуд.
Инчунин ба мардум варақаҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус тақсим карда шуда, аз ҳамагон даъват ба амл оварда шуд, ки нисбати саломатии хеш бепарво набошанд ва бо риояи гигиенаи шахсиву ҷамъиять худро аз сироятёбь нигоҳ доранд. Ҳамзамон, масъулини ҳизбӣ, оид ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфта, сокинонро барои иштироки фаъолона дар рӯзи интихобот раҳнамоӣ карданд.