КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташуббуси кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳияи Кӯшониён бо занони ҳунарманди ин муассиса вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Шомалангова Миҷгона дар бораи солҳои 2019-2021 эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ” суханронӣ карда, иброз дошт, ки ҳунармандӣ яке аз шуғлҳои даромаднок ба ҳисоб рафта, ҳар як нафари ҳунарманд метавонад бо маҳсули хеш сатҳи зиндагиашро баланд бардорад.
Ҳамзамон, дар вохӯрӣ оид ба пешгирии мавҷи дуюми бемории корнавирус ва истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ суханронӣ карда, таъкид намуд, ки бо истифода аз қоидаҳои беҳдоштӣ мо метавонем бо ҳамагуна бемориҳо мубориза барем ва худро муҳофизат кунем. Дар охир мавсуф аз заони ҳунарманд даъватт ба амал овард, ки минбъад низ касбу ҳунарҳои хешро идома дода, ба ҷавонон низ касбу ҳунарҳои мардумиро омӯзонанд, то ин ки онҳо идомабахши ҳунарҳои ниёгонамон бошанд.