БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИШТИРОК ДАР ИНТИХОБОТ ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИИ МАН АСТ!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.   Мунтазам идома додани вохӯриҳо вобаста ба маъракаи муҳимми сиёсӣ ин яке аз вазифаҳои ҳизбиёни шаҳри Кӯлоб  ба ҳисоб меравад. Дар деҳаи Даҳанаи Ҷамоати деҳоти Даҳана бо иштироки муовини раиси Куммитаи иҷроияи  ҲХДТ дар  шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин вохӯрӣ  роҳандозӣ гардид.

Зимни баргузории вохӯрӣ Фирӯзи Саидмӯъмин ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷамоати деҳоти Даҳана” оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва баромад намуданд.

Фирӯзи Саидмӯъмин қайд дошт, ки интихобот ифодаи олии ҳокимияти халқ ба ҳисоб рафта, ҳар шаҳрванд вазифадор аст, ки дар маъракаи муҳиммӣ сиёсӣ  фаъолона ширкат намояд ва барои ободу шукуфоии Ватан  саҳми худро гузорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg