КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки аъзои Раёсати Кумитаи иҷроия доир гардид.
Маҷлиси маскур таҳти раёсати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Шарифзода Гулрухсор ва узви Кумитаи марказии ҲХДТ и.в Раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир Исуф ба кори худ шурӯъ намуд.
Дар маҷлис 5 масъала, таъсиси Ситоди шаҳрии пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, таъсиси нақшаи кории Ситоди шаҳрии пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, таъсиси гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,тасдиқи нақшаи кории гурӯҳи тарғиботӣ оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва масъадаҳои ҷорӣ барои баррасӣ пешниҳод гардиданд.
Баъд аз тасдиқи рӯзномаи маҷлис узви Кумитаи марказии ҲХДТ и.в Раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир Исуф дар назди ҳозирин баромад намуд.
Зимни баромад мавсуф қайд кард, ки дар пеш моро маъракаи муҳимми сиёсӣ, яъне интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пеш аст. Аз ин лиҳоз моро лозим аст, ки аз ҳар вақта дида, фаъолтар бошем ва корҳои тарғиботиро миёни ҷомеа ҷоннок намоем.
Ҳамзамон котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Олимон” Шоҳинов Ҳасан, собиқадорони ҳизб Ҳақназарова Зулайхо ва Валиева Саъбагул ба сухан баромада, аз фаъолияти чашмраси ҳизб ёдовар шуданд.
Инчунин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Шарифзода Гулрухсор аз иштирокдорон даъват ба амал овард, ки дар маъракаи муҳимми сиёсӣ интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мо фаъолон бояд бо масъулияти ҷиддӣ вориди он шуда, ин маъракаи таърихиро дар сатҳи баланд баргузор намоем.
Дар охир вобаста ба масъалаҳои баррасигардидаи рӯзномаи маҷлис қарорҳои дахлдор қабул гардида, кори маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб пӯшида эълон гардид.