КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки интихобкунандагон ва масъулини ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Лағмон” вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар кори маҷлис намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва фаъолони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Лағмон” иштирок ва баромад намуданд. Нахуст намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунавараи Бозоралӣ ба сухан баромада, қайд намуд, ки Барномаи пешазинтихоботии номзад аз ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи ҳар узви ҳизбро ҷиҳати рушди иқтисодиёт ва беҳбудии ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар муайян менамояд. Рисолат ва мазмуну моҳияти Барномаи пешазинтихоботии номзад аз ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ободу шукуфон ва аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ равона шудааст. Мо бар он бояд талош кунем, ки чорабинии муҳимми сиёсии дар пешистода дар сатҳи баланди сиёсӣ доир гардад.