БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ – ОМИЛИ АСОСИИ ТАҲКИМИ ҶОМЕАИ ДЕМОКРАТӢ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Мутобиқ ба ҷадвали баргузории суҳабту вохӯриҳо бо интихобкунандагони деҳаҳои Олтоул ва Чинори Ҷамоати деҳоти Даҳана мулоқот доир карда шуд.

Зимни мулоқот узви гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷавонон” Абдулҳақов Саймусаввир иштирок ва баромад намуданд.

Зимни суҳбат Фирӯзи Саидмӯъмин қайд дошт, ки интихоботи ошкоро, шаффоф, озод, дар ҳошияи принсипҳои ҳуқуқи интихоботӣ ва дар муҳлатҳои муайянкардаи қонун баргузор намудани он, василаи асосии амалигардонии соҳибихтиёрии халқ ва иродаи шаҳрвандон дар давлат ва ҷомеа мебошад.

Иштирокдорон дар навбати хеш изҳор   доштанд, ки номзадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg