БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН ДОИР ГАРДИД

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён таҳти раисии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо иштироки аъзои Раёсати Кумитаи иҷроия ва дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор гашт.

Маҷлиси Раёсатро раиси Кумитаи иҷроия  Шарифзода Маҳмадаюб кушода,  афзуд, ки ба баррасии Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб 4 масъала, яъне  таъсиси Ситоди ноҳиявии пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешниҳод,  тасдиқи нақшаи кории Ситоди ноҳиявии пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,  таъсиси Гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ ва  тасдиқи нақшаи кории Гурӯҳи тарғиботӣ оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ  пешниҳод карда шудааст.

Сипас,  Шарифзода Мамадаюб  вобаста ба масъалаҳои  мазкур  андешаҳои хешро баён дошта, аз ҳамагон даъват ба амал овард, ки дар чорабиниҳои ҳизбӣ, аз  ҷумла маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбарӣ гардидааст, фаъолона иштирок намоянд ва  дар пешрафту ободии Ватан саҳми хешро  гузоранд. 

Дар охир  доир ба масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg