БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВУСЪАТИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ҶИҲАТИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ КОРОНАВИРУС

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо усули “хона ба хона” ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус  ба сокинон варақаҳои таблиғотиро   тақсим карда, ҳамарӯза таъкид менамоянд, ки  ҳамагуна бемориҳои сироятӣ дар фаслҳои тирамоҳу баҳор  хуруҷ карда, метавонанд ба саломатии инсон  зарар  оваранд. Аз ин лиҳоз ҳар як шахс метавонад, дар ин фасли тирамоҳ худро бо риояи  қоидаҳои беҳдоштӣ, пӯшидани ниқоби тиббӣ, истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ ва истеъмоли ғизои солим  аз ҳамагуна бемориҳои  хатарнок ҳимоя намояд.

Ҳамзамон, дар ин раванд, аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ба хотири таъмини зиндагии шоиста аз заминҳои наздиҳавлигии худ ва хоҷагиҳои ёрирасон ҳосили дилхоҳ ба даст оварда, оилаи худро аз маводи озуқаворӣ дар фасли сармо таъмин созанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg